- маҳв
- [محو]а1. кит. сутурдан, пок кардан, сутурдани нақш ё хате аз коғаз, девор ва ғ.2. несту нобуд кардан: маҳви душман, маҳви лашкар; маҳви бесаводӣ нест кардани бесаводии саросарӣ; мактаби маҳви бесаводӣ гурӯҳҳое, ки барои дар муддати кӯтоҳ саводнок кардани аҳолӣ дар солҳои бистуму сиюми асри гузашта ташкил дода буданд3. маҷ. ҳайронии аз ҳад зиёд аз ягон чизи зебо ва тааҷҷубовар; шефта, мафтун; маҳву мот аз шиддати ҳайрат гарангшуда, сахт дар ҳайрат монда, моту мабҳут: маҳву мот будан, маҳву мот кардан, маҳву мот шудан; маҳв кардан несту нобуд кардан, аз байн бурдан; маҳв шудан нест шудан, аз байн рафтан; маҳви чизе будан ғарқи чизе будан; дода шудан ба коре; маҳви чизе кардан ба чизе шефта кардан, мафтуни чизе кардан; маҳви чизе шудан мафтуну шефтаи чизе шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.